Лоиҳаи таҳкими аудити беруна

Дар ҷараёни омўзиш чунин мавзўҳо таҷлил гаштанд:
Афзалияти таъсиси низоми аудити мустақили беруна. Нақши мақомоти олии аудитии Ҷумҳурии Латвия дар ҷараёни беҳтар кардани сатҳи ҳисоботдиҳии шахсони мансабдори давлатӣ (тавсияҳои мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия);

Муносибати мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия бо ҷомеъа, ҳамчун яке аз омилҳои афзалиятноки Мақомоти олии аудит Ҷумҳурии Латвия;

Роҳбари мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия хонум Элита Круминия бо иштирокчиёни омузиш



Аз нав ташкилкунии мақомотҳои назорати молиявии собиқ Иттиҳоди шуравӣ ба Мақомоти муосири олии аудити мустақил, дар асоси  стандартҳои байналмилалии аудит (таҷрибаи мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия);

Нақши мақомоти олии аудит дар беҳтар кардани идоракунии молияи давлатӣ (таҷрибаи мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия);
Идоракунии манбаи инсонии Мақомоти оии аудит (имкониятҳо ва проблемаҳо вобаста ба ин); 
Методологияи мақомоти назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия оид ба гузаронидани аудитҳои молиявӣ, аудити мутобиқат ва аудити самаранокӣ (характеристикаи умумӣ ва фарқият);
Марҳалаҳои рушди методологияи аудит, аудити ҳисоботҳои молиявӣ (таҷрибаи мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия,
Таҳлили  “гарм” ва “сард” – усул ва таҷрибаи ниҳоии мақомоти  Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия вобаста ба таҳлили такрории раёсату шуъбаҳои дахлдори мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия, ҷиҳати муайян намудани самаранокии аудити гузаронидашуда;
 
Назорат аз болои иҷроиши тавсияҳои аудит - шаклҳо ва омор (таҷрибаи мақомтоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия);
Аудити мақомоти худидоракунанда – перспективаҳо барои рушди минбаъдаи мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – барномаи Team Mate;
Беҳтар намудани сатҳи самаранокии аудит – барномаи компютерии IDEA;
Робитаи миёни мақомотҳои худидоракунӣ ва мақомоти иҷроия - ҳамкории мақомоти худидоракунанда бо аудиторҳои мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия;
Муҳокимаи ҳамкории судманди миёни мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Латвия ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.