Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Мардуми шарифи кишвар ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.