Ташкилоти байналимилалии мақомоти олии назорати молиявии Осиё ASOSAI дар соли 1979 аз 11 мақомотҳои аъзо таъсис дода шуда, айни замон ба 46 аъзо афзоиш ёфтааст. Ташкилоти зикргардида, ташкилоти минтақавии INTOSAI мебошад. Мақсади асосии ин ташкилот, табодули таҷриба байни Мақомотҳои олии назорати молиявии давлатҳои аъзо ва дастгирии ташкилотҳои аудитӣ дар самти муайян ба ҳисоб меравад.
Мақоми роҳбарикунандаи ASOSAI Ассамблея буда, дар 3 сол як маротиба гузаронида мешавад. Мақоми иҷрокунандаи ташкилот Кумитаи Роҳбарикунанда мебошад, ки 6 аъзо дорад:
Маъмурияти ташкилот Котиби генералӣ мебошад, ки аз тарафи Ассамблея таъин карда мешавад. Маъмурият дастгирии фаъолияти ASOSAI ва идораи молияи ташкилотро таъмин ва идора мекунад. Айни замон Раиси Мақомоти олии назорати молиявии Корея Котиби генералии ASOSAI мебошад.
Вазифаҳои асосии маъмурияти ташкилот банақшагирии барномаҳои таълимӣ, татбиқ ва тафтиши иҷрои фаъолияти омӯзишии ASOSAI ба ҳисоб меравад, ки Ҷумҳурии Ҷопон роҳбари мекунад.
Кумитаи аудити ташкилот иборат аз 2 аъзои ASOSAI, аз ҷониби Ассамблея интихоб мешаванд ва ҳар се сол, Кумитаи Аудит ба Ассамблея ҳисобот пешниҳод менамояд. Аъзоёни Кумитаи аудит айни замон Роҳбарони Мақомоти олии назорати молиявии Иордания ва Туркия мебошанд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти байналимилалии мақомоти олии назорати молиявии Осиё ASOSAI, дар ҷаласаи 47-уми Шӯрои Роҳбарони Мақомоти олии назорати молиявӣ моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Москва, Федератсияи Русия аъзо шудааст.