5 - 6 ноябри соли 2024 ҳайати кормандони Раёсати миллии аудити
Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ҷиянг Ҳайинг ва хонум Динг Ю ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳадаф аз боздид тақвияти
ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аудити
бахши давлатӣ байни ду мақомот буда, инчунин вобаста ба омодагиҳо ҷиҳати
Вохӯрии навбатии роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои
Шанхай гуфтугуҳои судманд баргузор гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки Вохӯрии ҳафтуми сарони ниҳодҳои олии аудити
давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти Раёсати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
Тоҷикистон моҳи апрели 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Бахши иттилоот
ва кор бо воситаҳои ВАО-и
Раёсати таҳлил,
рушд, стандарт
ва ҳамкориҳои байналмилалӣ
Наҷмуддинзода
Х.М.