Инсоният дар
оѓози ќарни навин ба марњилаи љањонишавї, ки омили муњими бањамназдикшавии
кишварњо ва халќњои сайёра, рушди илму техника ва технологияњои муосир мебошад, ворид гардидааст.
Дар баробари ин, равандњои навин ба пайдоиши тањдиду хатарњои нав аз ќабили
терроризму экстремизм, љинояткории муташаккили байналмиллалї, кўч бастани садњо
њазор шањрвандони давлатњои љангзада ба дигар кишварњо ва дар ин замина
мураккаб гардидани вазъи сиёсї – иќтисодї ва иљтимої дар минтаќањои гуногуни
олам ба чашм мерасад.
Дар ин самт
23 июни соли 2025 вобаста ба нақшаи чорабиниҳои дохилидоравӣ семенар-машварати таълимӣ дар мавзуи “Таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба экстремизм, терроризм ва коррупсия дар доираи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста ба авзои зудтағийрёбандаи минтақа ва ҷаҳон” баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳии худ, муовини
раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ф. мавзӯи мазкурро, яке аз масоили мубрами замони муосир ҳисобида, қайд намуданд, ки омилҳои мазкур на танҳо амният ва суботи давлатро дар бар мегирад, балки ба арзишҳои инсонӣ, ҳуқуқу озодиҳои шахсият ва фарҳанги ҳамзистии осоишта равона гардидааст.
Ҳамчунин иброз
доштанд, ки мақсади асосии баргузории ин машғулият баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таҳкими малакаҳои касбӣ ва тақвияти ҳамкории байни сохторҳо дар самти пешгирии хатарҳои ифротгароӣ, радикализм, терроризм ва
коррупсия мебошад.
Дар
идомаи семинар – машварати таълимӣ прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи
1 Абдуллозода А. ба сухан баромада, ҷиҳати фаъолияти Марказ,
пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву
террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, ибрози
назар намуд.
Дар ин замина, сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб Шарифзода Ш.
оид ба мавзуи мазкур суханронӣ намуда, масъалаи иҷрои барномаҳои давлатӣ, бахусус дар самти экстремизм, терроризм ва
коррупсияро шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамзамон, нисбат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”,
“Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва “Дар бораи
муқовимат ба коррупсия” изҳори назар
намуда, сабаб ва омилҳои ба қонуншиканиҳо мусоидаткунанда, чораҳои пешгирӣ ва бартараф намудани онҳоро бо назардошти
талаботи қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста ба авзои зудтағийрёбандаи
минтақа ва ҷаҳон шарҳ доданд.
Ҳамчунин, дар рафти
суханрониҳо аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пойдору устувор нигоҳ
доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлату
давлатдории миллӣ ёдовар карда
шуд.
Дар ин замина, аз ҳар як
фарди огоҳу бедордили љомеа, бахусус кормандони мақоми олии аудити давлатӣ тақозо карда шуд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва
зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми
Ватан ва ҳимояи манфиатҳои
давлату миллат ҳамеша омода бошем.
Масъалаи коррупсия самтҳои
дигари мавзуи мазкурро фаро гирифта, қайд карда шуд, ки
муқовимат
ба коррупсия аз сиёсати давлатии муташаккилонаи он вобастагӣ дорад. Самаранокии
сиёсати мазкур амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангии аз лиҳози илмӣ боэътимодро дар бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои коррупсия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа талаб мекунад. Муқовимат ба коррупсия бо истифодаи
танҳо тадбирҳои ҳуқуқӣ маҳдуд нашуда, фаъолияти муштараки давлат ва ҳамаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар
бар мегирад.
Зарурати амалӣ намудани сиёсати мақсаднок ва муташаккилонаи давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия бо он муайян мегардад, ки коррупсия
ҳамчун падидаи зиддиҷамъиятӣ ба манфиатҳои одамон, давлат ва ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад. Коррупсия хусусияти васеъ паҳн шуданро дошта, дар ҳолати нокифоягии механизми ҳуқуқӣ ва ҷамъиятии муқовимат ба он
соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро бештар фаро
мегирад. Бо дарназардошти хатари ҷамъиятии коррупсия ва имконияти васеъ паҳн шудани он сиёсати муташаккилона дар соҳаи муқовимат ба коррупсия амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, сиёсати мазкур заминаи амалӣ гардидани функсияи зиддикоррупсионии давлати муосир маҳсуб мешавад.
Дар рафти семинар, ҳамчунин
қайд
карда шуд, ки коррупсия дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла риоя накардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, одоби хизматӣ, арзишҳои ахлоқӣ зоҳир гардида,
дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, демографӣ, экологӣ, хизматӣ ва ғайра ба
чашм мерасад. Ин падидаи зуҳуровар
боиси паст шудани даромади буҷети давлат гардида, ба давлат зарари
ҷиддии моддӣ мерасонад, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла инкишофи муносибатҳои бозаргониро халалдор мекунад, обрӯву эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ паст мекунад, ба ҷараёни ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар интиҳои
суханрониҳо саволу ҷавобҳо
баргузор гардида, зикр
гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем.