logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Табрикоти раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон бахшида ба 34 -  умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон бахшида ба 34 -  умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорони гиромӣ,

Бо камоли ифтихор Шуморо бо ҷашни бузурги миллии мо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Имсол 34 сол мешавад, ки халқи сарбаланди тоҷик дар фазои давлати соҳибистиқлол умр ба сар мебарад. Истиқлолият ба миллати мо имконият дод, ки роҳи давлатсозӣ ва давлатдориро мустақилона интихоб намуда, баҳри ободиву пешрафти Ватан қадамҳои устувор гузорад.

Дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба дастовардҳои назаррас нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва сарнавиштсоз мебошад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, сулҳу субот дар кишвар таъмин гардида, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми назорату аудити давлатӣ, рушду нумӯъ ёфтанд.

Ҳамзамон, Истиқлолият масъулияти бузургеро низ бар дӯши мо мегузорад. Мо, ҳамчун кормандони Палатаи ҳисоб, бояд содиқона ва бо масъулияти баланд фаъолияти худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ идома диҳем.

Бовар дорам, ки бо меҳнати софдилона ва масъулиятшиносии Шумо мо низ дар мустаҳкам гардидани истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар саҳми арзанда мегузорем.

Бо ин ниятҳои нек, ба ҳар яки Шумо ва аҳли хонадонатон сулҳу осоиш, тандурустӣ, бахту саодат ва барори кор орзу менамоям.

 

Иди Истиқлолият муборак, ҳамкорони азиз!


06.09.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -