logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити давлатӣ.

Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити давлатӣ.

Санаи 31 августи соли 2026, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед зимни сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷаноби Ҳоу Кай, аудитори генералии Идораи миллии аудити Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни ин вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятнок дар соҳаи аудити давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба дурнамои рушду тақвияти ҳамкорӣ дар соҳа, иброзӣ андеша намуданд.

Дар вохурӣ вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои зеҳни сунъӣ дар равандҳои аудит таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Ҷонибҳо эътироф намуданд, ки технологияҳои муосир метавонанд ба баланд бардоштани самаранокӣ, далелҳои аудиторӣ ва арзёбии хавфҳои аудит мусоидат намуда, барои беҳтар намудани шаффофияти идоракунии давлатӣ заминаи муҳим ва калидӣ мугузорад.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи вобаста ба таҷрибаи пешқадам ва самтҳои нави татбиқи зеҳни сунъӣ дар самти аудитро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвияту идомаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мутақобилан судманд тавассути табодули таҷриба, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва анҷом додани таҳқиқоти муштарак тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият бахшанд.

Дар ин раванд, ба рушди усулҳои аудит, аз ҷумла аудит дар асоси хавфҳо, таҳлили маълумоти ҳаҷмнок ва аудити экологӣ диққати махсус зоҳир карда шуд. Ҳадафи ин тадбирҳои судманд, баланд бардоштани иқтидори ниҳодҳо дар самти таъмини ҳисоботдиҳии шаффоф ва масъулиятшиносии давлатӣ мебошад.

Ин вохӯрӣ идомаи анъанаи устувори ҳамкориҳои судманд байни ниҳодҳои олии аудити Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, он дар асоси эътимод, шаффофият ва ҳадафҳои муштарак барои тақвияти аудити давлатӣ сурат гирифтааст.



03.09.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -