Санаи 2 сентябри соли 2026, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед дар чорабинии байналмилалӣ оид ба пешгирии биёбоншавӣ, ҳифзи муҳити зист ва аудити рушди устувор дар Ҷумҳурии Мардумии Чин суханронӣ намуда,
таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба тағйирёбии иқлим, таназзули замин,
коҳиши захираҳои об, обшавии пиряхҳо ва оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳдидҳои ҷиддии экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мебошанд,
ҷалб намуд.
Дар суханронӣ махсусан ба осебпазирии Тоҷикистон,
ки беш аз 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд,
таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Таъкид гардид,
ки обшавии пиряхҳо, таназзули замин ва норасоии об зарурати таҳкими тадбирҳои мутобиқшавӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табииро ба миён меоранд.
Роҳбари мақоми олии аудити кишвар аҳамияти гузариш аз аудити анъанавии молиявӣ ба аудити натиҷавии рушди устуворро таъкид намуда,
қайд намуданд,
ки бояд на танҳо ҳаҷми маблағҳои харҷшуда,
балки таъсири воқеии барномаҳои экологӣ ба муҳити зист ва зиндагии аҳолӣ арзёбӣ шавад.
Ҳамзамон
дар семинари мазкур, зарурати истифодаи технологияҳои муосир,
аз ҷумла маълумоти моҳворавӣ, системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ ва зондкунии фосилавии Замин, барои баланд бардоштани самаранокии аудити экологӣ таъкид гардид.
Дар фарҷом ба таҳкими ҳамкории мақомоти олии аудити кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла гузаронидани аудитҳои муштарак, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии методологияҳои аудити экологӣ зарур ва саривақтӣ шуморида шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории минтақавӣ барои ҳифзи захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим ва калидӣ дорад.