Ҳамкорони муҳтарам!
Имрӯз,
дар ҷашнгирии
солгарди
таъсисёбии
Палатаи
ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
бо ифтихор
ва миннатдорӣ сухан
гуфта, иброз менамоям,
ки ин рӯйдод ҷашн
гирифтани
принсипҳое
мебошад,
ки мо онҳоро риоя мекунем,
дастовардҳое,
ки то ба имрӯз ноил гаштем ва дурнамои
равшане,
ки дар пеш дорем.
Нахуст мехоҳам
аз таъриху
фаъолият,
дастоварду комёбиҳои беназири
Палатаи
ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
ва вазъи ҳуқуқии
он дар арсаи минтақа ва ҷаҳон
дар зарфи 13 соли сипаришуда,
ёдовар шавам.
Пеш аз ҳама
бояд фаромӯш насозем,
ки таъсисдињии
Палатаи
њисоб дар Љумњурии
Тољикистон ҳанӯз
аз миёнаи соли 2007 оғоз гардид.
Асосгузори сулњу
вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї
Рањмон назди Гурўњи корї, ки дар њайати аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон
тасдиќ гардид, вазифа гузоштанд, ки стратегия ва наќшаи амалро оид ба таъсиси
сохтори мустаќили аудити беруна тањия намояд.
Сарвари давлат таъкид
намуданд, ки стратегия ва наќшаи амал бояд љавобгўйи меъёрњои аз љониби љомеаи
байналмилалї ќабулшуда, мутобиќи талаботҳои Созмони
байналмилалии
маќоми олии аудит (ИНТОСАЙ)
муќаррар карда ва эъломияњои Лима ва Мексика дар бораи принсипҳои
фаъолият
ва мустаќилияти
маќоми олии аудит таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Ҳамин тариқ, Стратегия ва наќшаи амал бо Фармони Президенти Љумњурии
Тољикистон
соли 2008 тасдиќ шуда, сароѓози
марњилаи омодагии њуќуќї ва институтсионалии зарурї барои таъсиси Мақоми
олии аудити беруна дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон
гардид. Дар ин заминаи
ҳуқуқӣ бо фармони
Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
аз 12 декабри
соли 2011 №1173 Палатаи
ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъсис дода
шуда, шумораи ниҳоии кормандони
он ба миқдори 15 воҳид, муқаррар карда шу Соли 2012 барои фаъолияти
Палатаи
њисоб мутобиќи
талабот
бино људо карда шуд. Моњи сентябри
њамон сол Маљлиси
намояндагон
номзадии
раис ва муовини
раиси Палатаи
њисобро, ки
Президенти Љумњурии Тољикистон пешнињод карданд, тасдиќ намуд ва баъди он, моњи
ноябри соли 2012 панљ сараудитор бо расмиёти зикршуда таъин шуданд. Айни замон,
теъдоди кормандони Палатаи ҳисоб 128 нафарро
ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 13 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Мақомоти
мо дар давоми 13 сол ҳамчун
ҳимоятгари
устувори
ҳисоботдиҳӣ, шаффофият
ва идоракунии
самараноки
молияи давлатӣ
фаъолияти
худро ба роҳ
мондааст.
Дар баробари
ин мо масъулияти
бузурги
таъмини
истифодаи
самаранок
ва сарфаноки
захираҳои
давлатиро
бар душ дорем, ки дар натиҷа эътимоднокии
мардум, созмонҳои байналмилалӣ ва Сарвари давлат ба фаъолияти дурусти вазорату идораҳо ва дигар муассисаву
ташкилотҳои
давлатӣ
таҳким меёбад. Обурӯ
ва нуфузи ниҳоди мо дар меҳнати софдилона,
касбияти баланд
ва садоқати
кормандон
асос ёфтааст.
Ҳар
яки Шумо саҳми худро на танҳо барои як ниҳоди олии аудит намудани
Палатаи
ҳисоб,
балки барои ҳамчун
рамзи поквиҷдонӣ
ва институтсионалӣ будани ин ниҳод гузоштаед.
Кӯшишу талошҳои беандоза
дар хизмати
шоиста барои
манфиатҳои
ҷомеа,
худ пояи муваффақияти
мо мебошад.
Дар баробари ин ҳоло
вазифаҳои зиёде боқӣ
мондааст,
ки мо барои иҷрои он саъю талош хоҳем кард.
Палатаи ҳисоб
дар ин давра бо 13 ниҳодҳои олии аудити давлатҳои наздику
пешрафта
ҷиҳати
мукаммалгардонии
идоракунии молияи давлатӣ
ва тақвияти аудити берунаи
давлатӣ,
ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявӣ,
самаранокӣ ва мутобиқат, инчунин
мутобиқгардонии
заминаҳои меъёрии
ҳуқуқии
худ ба стандартҳои
байналмилалӣ, ҳамкориҳои судмандро
ба роҳ
мондааст. Тавре ба ҳамагон
маълум аст тибқи тартиби
муқарраргардида
аз ҷониби
Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аз 22 июни соли 2023 №1977 Қонуни
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
“Дар бораи Палатаи
ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон”
ба имзо расид ва айни
замон мавриди амал қарор
мегирад.
Қайд кардан зарур
аст, ки мутобиқи Қонуни соҳавии аз эътибор
соқитшуда, Палатаи
ҳисоб
мақоми олии назорати
молиявӣ
ба шумор мерафт. Ҳоло
бошад Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
Тоҷикистон
ҳамчун
мақоми олии аудити давлатӣ мебошад, ки аудити берунаи мустақили давлатиро
оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ,
ҳисоботи
маҷмуии солонаи
Ҳукумати
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ
ва истифодаи
мақсадноку
самараноки
маблағҳо ва захираҳои давлатиро
анҷом медиҳад. Айни замон, мутобиқи
муқаррароти
Қонуни
соҳавӣ
Низомнома,
сохтор ва шумораи
ниҳоии кормандони
Палатаи
ҳисоб,
низомнома
дар бораи нишони Палатаи
ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
тасвир ва тавсифи
он, Низомнома
дар бораи нишони сарисинагии
«Корманди
фахрии мақоми олии аудити давлатӣ, тасвир ва тавсифи он», инчунин «Тартиби баҳодиҳии мустақили беруна ба сифати аудите, ки Палатаи
ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
гузарондааст»
қабул
гардид Вобаста
ба гузаронидани
аудити берунаи
мустақили давлатӣ
оид ба баҳодиҳӣ
ба лоиҳаи Қонуни
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
“Дар бораи Буҷети давлатӣ
барои соли оянда ва дурнамои
он” ва иҷрои буҷети давлатӣ
дар соли қаблӣ ва аз натиҷаи онҳо пешниҳод намудани
хулоса ба Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
ва Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
Палатаи ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
дар давраи солҳои 2013-2023 фаъолияти
худро аз рўи талаботи
стандартҳои
миллии таҳияшуда, стандартҳои
байналмилалӣ ва таҷрибаҳои омӯхташуда
сол аз сол беҳтар менамояд.
Тавре Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
Пешвои миллат, Ҷаноби
Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
аз 23 январи соли 2015 қайд
намудаанд,
“Таъмини
назорати
доимӣ
ва қатъии
истифодаи
мақсадноки
маблағу воситаҳои давлатӣ
вазифаи
аввалиндараҷаи
Палатаи
ҳисоб
мебошад.
Бинобар
ин арзёбии истифодаи мақсадноку
самараноки
маблағҳо ва воситаҳои давлатӣ,
таҳти назорати
қатъии
Палатаи
ҳисоб
қарор
дорад. Дар давоми 13 сол Палатаи
ҳисоб
саҳми намоёни худро ҷиҳати
арзёбии
мақсадноку
самараноки
истифода
намудани
маблағҳои давлатӣ
гузошта, ба андозаи
бесобиқа
ба барқарор намудани
қоидавайронкуниҳои
молиявӣ
мусоидат
намуд. Маҳз ҳамин
кӯшишу талошҳо буд, ки имрӯз сатҳи барқарории маблағҳо аз ҳисоби
қоидавайронкуниҳои
молиявӣ
зиёд ва пешгирии
хавфҳои молиявӣ
байни объектҳои мавриди
чорабиниҳои
аудиторӣ қароргиранда,
нисбат ба солҳои пешин кам шудааст.
Агар ба натиҷаҳои
омории фаъолияти
аудитории
Палатаи
ҳисоб
дар давоми солҳои 2013-2024 назар афканем,
мо ба дастовардҳои
назарраси
молиявӣ
ноил гардидаем.
Чунончӣ, агар шумораи чорабиниҳои аудиторӣ дар соли 2013 - 20 ададро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2023 ба 166 адад расида, муайян намудан
ва бартараф
кардани
қоидавайронкуниҳои
молиявӣ
низ зиёд мегардад.
Ин комёбиҳо
самараи
заҳматҳои ҳамарӯзаи
кормандони
Палатаи
ҳисоб
дар ҷодаи
муқовимат ба қоидавайронкуниҳои
молиявӣ
мебошад.
Натиҷаи ҳамин
заҳматҳо буд, ки аз ҷониби
роҳбари давлат ва роҳбарияти
кормандон
қадрдонӣ шуданд.
Танҳо
дар давоми солҳои 2020-2023 аз ҷониби
Пешвои миллат бо
Унвони фахрии Корманди
шоистаи Тоҷикистон 1 нафар;
Медали ҷашнии
30 солагии
Истиқлолият 1 нфар Медали ҷашнии
20 солагии
Созмони
ҳамкории
Шанхай 1 нафар
Медали хизмати шоиста
2 нафар
Рутбаҳои
баланди
тахассусӣ 12 нафар қадрдонӣ
шудаанд. Дар баробари ин, чун ҳамасола
аз тарафи роҳбарияти
Палатаи
ҳисоб
низ дар солҳои 2020-2024,
- 100 нафар бо рутбаҳои
тахассусӣ; ва
- 95 нафар бо
Ифтихорномаи Палатаи ҳисоб сарфароз
карда шуда, кормандоне, ки ба натиҷаи хуби корӣ
ноил гардиданд,
ба вазифаҳои баландтар таъин карда шудаанд. Пас моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ин дастгирию
ғамхориҳои
давлату
ҳукумат
аз тамоми воситаҳо истифода
намуда, баҳри ғанӣ гардонидани Буҷети давлат, самаранок
истифода
намудани
воситаҳои давлатӣ
ва шаффофиятии
идоракунии молияи
давлатӣ саҳми намоён гузорем.
Мо дар ин рӯз
бояд аз имкониятҳои
дарпешистодаро
низ дарҷ
намоем. Талаботи
ҷаҳони
муосир аз мо талаб мекунад,
ки ҳамеша
рушд кунем, технологияҳои
муосирро
қабул
намоем, ҳамкориҳоро
тақвият бахшем ва аз ҳар
хатару камбудиҳои
нави пайдошаванда
ҳушёр
бошем. Ман боварӣ
дорам, ки бо ирода ва маҳорати баланд аз дилхоҳ
нуқсонҳои пайдошаванда
мегузарем
ва ҳамчун
як ниҳоди намунавӣ фаъолиятамонро идома медиҳем. Аз номи Палатаи
ҳисоби
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
ман ба шарикон,
ҷонибҳои
манфиатдор ва ҳамаи онҳое, ки фаъолияти
моро дастгирӣ мекунанд, миннатдории самимии
худро изҳор мекунам.
Эътимод
ва ҳамкории
ҷонибҳои
манфиатдор
барои мо муҳим аст. Ҳангоми
ёдоварӣ
аз дастовардҳо,
биёед бори дигар ба мақсад ва арзишҳои худ содиқ
шавем. Якҷоя, мо кафолат медиҳем, ки ин ниҳод дар тӯли солҳои оянда ҳамчун
сутуни ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии
самараноки
молияи давлатӣ боқӣ
мемонад. Имрӯз Палатаи
ҳисоб
дар байни мақомоти давлатӣ,
ҳифзи
ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии
кишвар мавқеи хосаи худро ишғол
намудааст.
Палатаи
ҳисоб
манфиатҳои
Ҷумҳурии
Тоҷикистонро
дар дохил ва хориҷи кишвар мувафаққона муаррифӣ менамояд ва созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти олии молиявии
мамлакатҳои
хориҷӣ
онро ҳамчун
шарики боэътимод
ва бо салоҳият эътироф
менамояд.
Ҳамкорони
муҳтарам!
Ман ба нангу номуси
миллӣ, азму иродаи қавӣ
ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи кормандони
Палатаи
ҳисоб
эътимоди
комил дорам ва дилпурона
изҳор медорам,
ки мо ҳама
якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги
ин мақомот ва бо заҳмати созанда
фаъолияти Палатаи ҳисобро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида дар идоракунии
молияи давлатӣ
қавитар
мегардонем,
нуфузу обрӯйи онро дар назди Пешвои миллат, Парлумон
ва мардуми
шарифи Тоҷикистон,
инчунин
дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Бори дигар 13-солагии
таъсисёбии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
Тоҷикистонро
ба Шумо, инчунин
онҳоеро, ки дар таъсис ва ташаккули
Палатаи
ҳисоб
саҳми худро гузоштанд
ва ҳоло
дар нафақа ё дигар вазорату
идораҳо фаъолият
доранд самимона
табрик мегӯям. Дар ин рӯзи Иди касбӣ бароятон фараҳу шодмонӣ,
рӯзгори осуда, иқболи нек ва дар хизмат барои Ватани азизамон
ва ободии Тоҷикистон
комёбиҳои беназир
таманно
дорам.
Иди касбӣ муборак, ҳамкорони
гиромӣ!