Амалҳои экстремистӣ ва террористӣ, яке аз зуҳуроти номатлубе ба ҳисоб мераванд,
ки ҷомеаи ҷаҳониро
нигарон карда, байни давлатҳо низоҳои сиёсиро ба миён
меоранд.
Ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф
намудани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда, 23 декабри соли
2024 дар Палатаи ҳисоб
семинар – машварати методӣ дар мавзуи
“Сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм” баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Палатаи ҳисоб ва доираи барномаи давлатии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” пешбинӣ гардида буд, аъзоёни ҳайати мушовара
ва кормандони Палатаи ҳисоб,
инчунин,
намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок
доштанд.
Муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода
Ф.З., зимни ифтитоҳи суханронии худ,
баргузории чунин чорабиниро ба мақсад мувофиқ ҳисобида, зикр доштанд,
ки семинар
- машварати методӣ дар доираи Соли маърифати ҳуқуқи эълон гардидани соли 2024 ба роҳ монда шудааст.
Сипас, профессори
кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Саидамир ба
сухан баромада, оид ба санадҳои қонунгузорӣ дар самти экстремизм ва терроризм,
фаъолият ва номгӯйи созмонҳои даҳшатафкан,
ки мақсадашон ба вуҷуд овардани
даъвати нооромї, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ѓасби њокимият ва
тасарруфи салоњияти он, ангезонидани нажодпарастї, миллатгарої, бадбинии
иљтимої ва мазњабї мебошад, маърӯза
намуд.
Дар ин радиф, сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб
Шарифзода Ш.М., ибрози назар намуда, зикр доштанд, ки масъалаи мазкур пайваста дар маҷлисҳои назоратӣ ва ҷамъбастии назди роҳбарияти Палатаи ҳисоб баҳри пешгирию бартараф намудани сабабу шароитҳо ва омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам анҷом дода мешавад.
Дар ҷараёни
суханрониҳо, саволу ҷавобҳо пешниҳод гардида,
муколамаи афкор сурат гирифт.
Муовини раиси
Палатаи ҳисоб
зимни интиҳои суханронии худ,
барои маърӯзаи пурмуҳтаво ва иштирок дар чорабинӣ ба баромадкунандагон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда,
бо иқтибос аз суханҳои Сарвари давлат таъкид доштанд,
ки вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ, нооромиву низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам моро водор месозад, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешрафти бемайлони иқтисодиёт ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои
мушаххасу мақсаднокро
ба роҳандозӣ намоем.
Зарур аст, ки бо дар назар
доштани вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надода, дар таълиму
тарбияи фарзандон, хешу табор ва наздикону ҳамсояҳо бетараф набошем. Ҷаҳонбинӣ, илму маърифат ва машғулияти фарзандонро
назорат карда, ба онҳо дар вафодорӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан роҳнамо бошем. Ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба ҳама гуна каҷравиҳо, пайравӣ ба дигар равияҳои бегона ва ҳизбу ташкилотҳои экстремистӣ - террористӣ, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, саҳмгузор бошем.
Бахши иттилоот ва кор бо васоити
ахбори оммаи Раёсати таҳлил,
рушд, стандарт ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб