logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Семинар-машваратӣ оид ба мазмуну муҳтаво ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Семинар-машваратӣ оид ба мазмуну муҳтаво ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

11 ноябри соли 2024 дар Палатаи ҳисоб бо иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари –машваратӣ доир гардид.

Мақсади баргузории ҷамъомад оид ба мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав, риоя намудани он, тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, гузаронидани туйҳои домодию арусии фарзандон, додани зиёфатҳо исрофкориҳои  беҳуда мебошад.

Баррасии мавзуҳои мазкур дар ҷамъомад дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли равон ироа гардида буд, инчунин нақшаи чорабиниҳои Палатаи Ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Маросими  аъзодорӣ, маръракаҳои гуселу пешвози ҳоҷиён ва умракунандагон,воридот, фуруш ва тарғиби либосҳои фарҳангӣ бегона,ҳамзамон дар ҷойҳои ҷамъятӣ пӯшидани чунин либосҳо дар доираи Қонуни мазкур манъ аст.

Дар ҷамъомад таъкид гардид,  ки  мо бояд дар тарғиби ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таасуб, баланд бардоштани фарҳангу маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иҷтисодии мардум ҳиссагузор бошем ва сарф намудани маблағҳо хуб мешуд барои корҳои хайру савобу эҳсонкорӣ аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва роҳу равона мегардид.

Ташвиқу тарғиби мазуҳои мазкур, дар самти риоя ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ  ва вазъи оилавӣ, даст кашидан аз урфу одатҳои бебунёд, расму оинҳои шахшудаву тааҷубовар, бахусус дар бахши туйи домодию арӯсӣ ва маросими ҳаҷҷу умра, мусоидат менамояд.

 

 Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ВАО-и Раёсати таҳлил, рушд, стандарт ва ҳамкориҳои байналмилалӣ  

         Наҷмуддинзода Х.М.


12.11.2024


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -