Санаи 31.08 2026 роҳбарият ва тамоми кормандони
Палатаи ҳисоб мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи кишвар, ки ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси
сулҳ баргузор гардид, ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Зимни тамошои дастаҷамъона кормандони мақомоти олии
аудити кишвар ба суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нуктаҳои муҳими вобаста ба рушди соҳаи маориф,
баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат, тарбияи насли соҳибмаърифату
ватандӯст ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор
доданд.
Таъкид гардид, ки маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои
муҳими ҷомеа дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва пешрафти давлату ҷомеа нақши
калидӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, бояд ба омӯзиши илму
дониш, аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир ва боло бурдани сатҳи маърифати
худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Кормандони Палатаи ҳисоб тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Роҳбари давлатро бо аҳли маориф ба
муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
ҳамчун як рӯйдоди муҳими маърифативу сиёсӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки
дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонону
кормандони соҳаҳои гуногун, раҳнамои фаъолият ва омӯзиши пайваста мебошанд.
Дар суханронии Сарвари давлат масъалаҳои муҳимми
рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, нақши илму дониш
дар пешрафти кишвар, тарбияи насли ҷавон ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди
таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки рушди устувори давлат ва ҷомеа аз
сатҳи дониш, маърифат ва масъулиятшиносии шаҳрвандон вобастагии мустақим дошта,
омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат ва баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳим ба
ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари
давлат барои ҳар як корманди соҳаи хизмати давлатӣ аҳамияти муҳим дошта,
масъулияти онҳоро дар роҳи фаъолияти содиқона ба нафъи давлату миллат боз ҳам
бештар менамояд.
Дар ин замина, таъмини истифодаи самараноку
мақсадноки маблағҳои давлатӣ, риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани масъулияти
касбӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҷумлаи самтҳои
муҳими фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ба шумор мераванд.
Дар ҷараёни
Дарси сулҳ аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии рушди
устувори кишвар таъкид гардид. Зеро маҳз дар фазои орому осуда барои рушди
иқтисод, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни
ҷомеа шароити мусоид фароҳам меояд.
Тамошои дастҷамъонаи суханронии Пешвои миллат дар
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таваҷҷуҳ
ба рушди дониш ва маърифат ва масъулияти кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар роҳи
таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар мебошад.
Масъули иттилоот ва кор бо ВАО - и Палатаи ҳисоб
Наҷмуддинзода Х. М