Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -санаи ҷашнӣ, рӯзи шинохти худ, рӯзи арҷгузорӣ ба давлату миллат ва рӯзи изҳори садоқат ба Пешвои миллат аст.
Мо имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, аз истиқлол ва аз роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат бо итминон мегӯем: Тоҷикистон зери парчами ваҳдат ва сиёсати Пешвои миллат рӯ ба фардои дурахшон дорад!
Бигузор рӯҳи ватандорӣ, ҳисси масъулият ва садоқат ба Пешвои миллат дар дилҳои ҳар яки мо устувор боқӣ монад.
Бо итминон изҳор менамоям, ки бо меҳнати содиқона, бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару пешрафтатар хоҳад шуд.
Имрӯз мо як санаи бисёр муҳиму пуршарафи таърихи давлатдории навини худ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Ин рӯз дар тақвими миллии мо рамзи эҳтиром ба шахсияти таърихӣ, давлатсоз ва ваҳдатофари миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
16 ноябри соли 1992 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи наҷоти миллат сабт гардидааст. Дар он рӯз, дар иҷлосияи
16 – уми Шӯрои Олӣ, марди далеру хирадманд, фарзанди содиқи Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро бар дӯш гирифтанд ва аз ҳамон лаҳза бо иродаи қавӣ ва муҳаббати бузург ба Ватан, кишвари моро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ба сӯи сулҳу ваҳдат, субот ва рушди устувор роҳнамоӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки
«Мо сулҳро ба осонӣ ба даст наовардем, онро бо азми қавӣ, иродаи халқ ва бо ҷонибдории созандаи мардум барқарор кардем. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намояд».
Маҳз бо роҳбарии оқилона ва сиёсатмадории Пешвои миллат, Тоҷикистон аз давлати вайрона ба кишвари обод, пешрафта ва муосир табдил ёфт.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо итминон ба оянда қадам мегузорад ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ таҳким мебахшад.
Рӯзи Президент барои мо на танҳо ҷашни сиёсӣ, балки рамзи ваҳдат, меҳру муҳаббат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои фарзанди содиқи миллат аст.
Дар ин рӯз мо бо ифтихор эътироф мекунем, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пояи сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, болоравии сатҳи зиндагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории мо мебошад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди олии назорати давлатии молиявӣ, ҳамқадами сиёсати давлат аст ва фаъолияти худро дар доираи қонунгузорӣ, барои таъмини истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои давлатӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ ба ҷомеа равона намудааст.
Мо бояд ифтихор аз он кунем, ки саҳми хешро дар таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ, ки дар Паёмҳо ва барномаҳои рушди миллии Пешвои миллат таъкид ёфтааст, мегузорем.
Мо вазифадорем, ки бо садоқат, дониш, адолат ва меҳнати поквиҷдонона ба халқи худ хизмат намоем, зеро хизмат ба давлату миллат олитарин ифтихор аст.
Дар фарҷом, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бароятон саломатии бардавом, бахту саодат, файзу баракат ва пешравии нав таманно дорам.
Бигузор зери роҳнамоии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизи мо ҳамеша дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва шукуфоӣ зиндагӣ намояд.
Бигзор ин рӯзи муборак - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо рамзи ваҳдат, ҳамбастагӣ, садоқат ба давлат ва муҳаббат ба Пешвои миллат бошад.
Мардуми шарафманди тоҷик бо Пешвои худ ҳамеша ифтихор мекунад, зеро бо хирад, ирода ва фидокории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯзу фардои дурахшон дорад.Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамкорони азиз!