logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июли соли 2026 дар Палатаи ҳисоб ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 сентябри соли2011, №АП-1729 “Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Палатаи ҳисоб дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

 

 Нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (беш аз 30 намоянда) таҳти раёсати раиси  Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Тоҷиддин, муовини раис Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад,  сараудиторон, сардорони воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб  гузаронида шуд.

 

Дар оғози нишаст аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам  Ҷамшед Абдураҳмон аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти олии аудити кишвар дар нимсолаи якуми соли 2026, гузориши муфассал тариқи рӯнамо ва инфография пешниҳод карда шуд. 

 Ҳамзамон, барои намояндагони воситаҳои ахбори омма варақйаи иттилоотӣ пешкаш гардид. 

 

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб ба саволҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни иҷтимои иқтисодӣ, молиявӣ ва аудити экологию фосилавӣ ва тақвияти рақамикунонии иқтисоди миллӣ, ҳамкориҳои байналмилалии соҳа ва ғайра посух дода шуд.

 

Масъули иттилоот ва кор бо ВАО-и

Палатаи ҳисоб         Наҷмуддинзода Х. М

 


21.07.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -