logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти 8 моҳи фаъолияти кормандони Палатаи ҳисоб

Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти 8 моҳи фаъолияти кормандони Палатаи ҳисоб

01 сентябри соли 2025 дар  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти  фаъолияти 8 моҳаи кормандон аз ҷониби  Раис муҳтарам Каримзода Ҷамшед натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки Палатаи ҳисоб дар ин давра тибқи нақшаи чорабиниҳои аудиторӣ ҷиҳати арзёбиии иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ ва назорати истифодаи самараноку мақсадноки захираҳои давлатӣ 100 чорабинии аудиторӣ гузаронида, дар 18906 ҳолат вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи умумии       2 201,3 млн. сомонӣ муайян намудааст.

Аз ҷумла, вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ дар 17694 ҳолат ба маблағи 255,6 млн. сомонӣ ва қоидаҳои молиявии хусусияти расмидошта дар 1212 ҳолат ба маблағи 1 945,4 млн. сомонӣ муайян карда шудааст.

Оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида чораҳои мушаххас андешида шуда, вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ ба суратҳисоби маблағҳои зарару камомад ва тасарруф (374) 76,0 млн. сомонӣ, буҷетҳои дахлдор 160,4 млн. сомонӣ ва 6,7 млн. сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуд, ки 98,9 дарсади маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 23 мавод ба маблағи 23,1 млн. сомонӣ барои чораҷӯйӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, ба Прокуратураи генералӣ ва  дигар сохторҳои он 19 мавод ба маблағи 22,5 млн. сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 2 мавод ба маблағи 0,4 млн. сомонӣ, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 1 мавод ба маблағи 0,2 млн. сомонӣ ва 1 мавод ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ ирсол гардидааст.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 619 тавсияҳо ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо 27 қарору фармонҳо қабул гардида, 168 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шудаанд.

Тибқи рӯзнома дар ҷараёни ҷаласа вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолият, ҳисоботи сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ шунида шуда, аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода шуд.

Инчунин вобаста ба татбиқи банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 феврали соли 2025 №115 дар хусуси меъёри пардохти фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ, арзёбии ҳолати дурустии таҳияи супоришномаҳои пардохтии манбаҳои вайронкунии қоидаҳо молиявӣ аз рӯйи “Таснифи вайронкунии  қоидаҳои молиявӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон


05.09.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -