logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Мутолиакунандагони арҷманд!

Мутолиакунандагони арҷманд!

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳавӣ бо маром идома ёфта, омӯзиши Стандартҳои байналмилалии аудит ва таҷрибаи пешқадами мақоми олии аудит роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар ин замина, Нақшаи Стратегии рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2024 - 2028 ва Стратегияи робитаи беруна ва иртибот бо ҷомеа амалӣ гардида истодааст.

Ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма яке аз самти афзалиятнок дар меҳвари фаъолият қарор дорад. Бо назардошти татбиқи босамари Стратегияҳои қабулгардида ҷиҳати тақвияти аудити берунаи давлатӣ ва мутобиқ намудани фаъолият ба муосиртарин талаботу таҷрибаҳо, инчунин мусоидат барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Бо ин мақсад дар саҳифаи асосии сомонаи Палатаи ҳисоб Фасли “Тамос бо мо”, зерфасли “Муроҷиати шаҳрвандон” фаъол карда шуд.

Дар он ҳар як хонанда вобаста ба масъалаҳои мубрами ба фаъолият тааллуқдошта ибрози назар намуда, пешниҳодҳо оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ё дарбаргирандаи дигар ҷанбаро мавриди таваҷҷуҳ гузорад.

Вақтҳои охир зимни гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ баръало мушоҳида карда мешавад, ки дар фаъолияти баъзе корхонаҳо ҳангоми таҳияи ҳисобот тафовутҳо, ихтилофҳо ва мушкилот  ҳангоми  истифодаи низом аз руйи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва тибқи баҳисобгирии андозӣ  ба вуҷуд меояд. Аз ин лиҳоз, дар зер пурсишнома барои Шумо омода карда шудааст, ки мавқеи худро ба он тавассусти сомона баён намоед.

1. Нисбати фарқияти натиҷаи фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ тибқи баҳисобгирии муҳосибӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ тибқи баҳисобгирии андозӣ

2. Фарқияте, ки аз истифодаи 2 низом ба миён меояд, боиси зиён ба субъектҳои хоҷагидор мегардад ё не?

3. Аз нуқтаи назари Шумо чӣ мушкилот дар ин самт вуҷуд дорад ва пешниҳодатон вобаста ба танзими ин масъала?  


04.07.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон
  • Истифодаи маълумотхои сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии
  • Точикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон -