logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Муаррифии Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028

Муаррифии Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028

11 декабри соли 2024 бо иштироки зиёда аз 80 нафар намоянда аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои кишвар, ташкилоту созмонҳои молиявии байналмилалӣ, Воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Мақоми олии аудити ҷумҳуриҳои Гурҷистону  Озарбойҷон, Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028 муаррифӣ гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ф оғоз бахшиданд.

Дар ҷараёни муаррифии Стратегияи мазкур  қайд карда шуд, ки “Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2024 – 2028” бо дар назар доштани анҷом ёфтани “Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023”, дар асоси “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чолишҳо ва хавфҳои нав, Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин, натиҷаи баҳодиҳии мустаќили берунаи сифати аудит  ва фикру андешаҳои ҷонибҳои манфиатдор таҳия карда шудааст.


Ташаккул додани идоракунии муносиби молияи давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофият, таъмини ҳисоботдиҳӣ, нигоҳ доштани воқеият, мубориза бо коррупсия, дарёфти эътимоди ҷомеа ва мусоидат  барои ба даст овардан ва истифодаи мақсадноки захираҳои давлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон  вазифаҳои калидии Палатаи ҳисоб маҳсуб ёфта, ҳадафи стратегии Палатаи ҳисоб аз таъмини арзёбии самаранок, маќсаднок, шаффоф ва идоракунии масъулиятноки захираҳои давлатӣ иборат мебошад.

Такмил додани фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудити (МОА) давлатӣ, таъмини сифати аудит ва ҳисоботҳои аудиторӣ дар заминаи стандартҳои касбӣ аз рӯйи принсипҳои ISSAI, таъмини рушди нерӯи касбӣ  ва омӯзиш ҷорӣ намудани раванди натиҷанокии аудитҳои мутобиқат, молиявӣ ва самаранокӣ ва роҳандозии робитаи судманд бо ҷонибҳои манфиатдор мақсадҳои асосии ниҳоди олии аудити кишвар мебошад.


Дар ин ҳошия, роҳандозӣ намудани фаъолияти самараноки  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ноил гаштан ба ҳадафу афзалиятҳои Стратегии миллӣ ва идома додани ислоҳоти муҳими иқтисодӣ дар самти истифодаи маќсадноку самараноки  дороиҳои миллӣ, ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои беруна ва дохилӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, дар заминаи ҷорӣ гардидани тартиби таъминоти молиявӣ бо мақсади гузаронидани аудити берунаи мустақили давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Сипас, дар натиҷаи муҳокимарониҳо иштирокчиён андешаҳои худро баён намуданд.

Дар  фарҷом  бо итминони комил баён гардид, ки бо шарофати дониш, таҷриба ва муносибати созанда мо метавонем роҳҳалҳоро дар татбиқи  стратегия пайдо кунем, ки на танҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда кӯмак мекунад, балки заминаи рушди устуворро низ фароҳам меорад.


11.12.2024


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -