Корманди ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамасола бо
ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади
амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва
риёзӣ дар соҳаи илму маориф» равона шудааст.
Дар рӯзҳои 21 – 25-уми октябри
соли равон даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар ин озмун Каримзода Абдулазиз
Абдулҳаким – Муовини сардори раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии
Палатаи ҳисоб, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”
гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.