logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дар тантанаҳои ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Левакант

Иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дар тантанаҳои ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Левакант

Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дар тантанаҳои ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант иштирок намуд

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷ. дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон иштирок намуд.

 

Cубҳи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант маросими расмии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо барномаи фарҳангии театрикунонидашуда баргузор гардид. 

 

Каримзода Ҷ. А. дар чорабинӣ баромад намуда, сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик карда, ба як қатор кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва намояндагони касбу кори соҳаҳои гуногун ба муносибати ин ҷашни таърихӣ ифтихорномаҳо тақдим намуд. 

 

Каримзода Ҷ. А. зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил боз рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин гардид. Иқтисоди миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. 


 

Дар ин замина аз ҷумла танҳо дар 34 соли замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ 13 маротибагӣ, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 218 маротиба ва музди миёнаи меҳнати сокинон беш аз 191 маротиба зиёд гардид. 

 

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Левакант раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷ. дар ифтитоҳи як қатор иншоотҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла мактаб, варзишгоҳ ва майдончаҳои варзиши барои бозии футболу волебол дар шаҳраку деҳоти Левакант иштирок карда, сокинонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани иншооти навбунёд табрику таҳният намуд. 

 

Ҳамзамон раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед  якҷо бо Раиси шаҳри Левакант дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саҳни васеъи варзишгоҳи марказӣ баргузор гардид, иштирок ва боздид намуда ба ятимони кулл, маъюбон ва камбизоатон кӯмакҳои моддӣ тақдим намуданд.

 

Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоб

08.09.2025


23.09.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -