logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Иштирок дар семинари байналмилалӣ оид ба пешгирии биёбоншавӣ ва аудити рушди устувор

Иштирок дар семинари байналмилалӣ оид ба пешгирии биёбоншавӣ ва аудити рушди устувор

Дар шаҳри Юлини Ҷумҳурии мардумии Чин семинари байналмилалӣ оид ба пешгирии биёбоншавӣ ва аудити рушди устувор баргузор гардид, ки дар он раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед иштирок намуданд.

Мавриди қайд аст, ки шаҳри Юлин солҳои пеш ба биёбон табдил ёфта буд ва пас аз 70 соли татбиқи барномаҳои давлатӣ акнун ба шаҳри сабзу хуррам мубаддал гардидааст.

Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, зиёда аз 60 намоянда аз 20 ниҳоди олии аудити давлатҳои узви СҲШ ва кишварҳои ховари миена иштирок намуданд.

Иштирокчиён таҷрибаи беназири Юлинро дар мубориза бо биёбоншавӣ омӯхта, усулҳои муосир – аз қабили обёрии самаранок, ниҳолшинонии васеъ ва истифодаи технологияҳои масофасанҷӣ ва системаҳои иттилоотиро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, нақши мақомоти олии аудити кишварҳо дар назорат ва арзёбии самаранокии барномаҳои экологӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ниҳоят, иштирокчиён таҷрибаи Юлинро ҳамчун модели такрорпазир барои минтақаҳои хушки дигар эътироф намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда зарур шумориданд


03.09.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -