Санаи 2 сентябри соли 2026, дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Юлини музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин,
раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Каримзода бо раиси Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус Василий Николаевич Герасимов мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай
(СҲШ) байни ниҳодҳои олии аудити ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, тақвияти аудити давлатӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои касбӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо омодагии
худро барои таҳкими ҳамкориҳои судманд,
вусъат бахшидани муносибатҳои касбӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати саҳмгузорӣ дар такмили идоракунии молияи давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.