12 декабр дар Палатаи ҳисоб бахшида ба солгарди таъсисёбии
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он роҳбарият ва тамоми
кормандони Палатаи ҳисоб иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Чиллазода Қ. аҳли толор ва тамоми кормандонро таҳният гуфта, дар фаъолияти
минбаъда барору комёбиҳо таманно намуданд. Таъкид намуданд, ки маҳз бо шарофати
Истиқлолияти давлатӣ дастуру ҳидоятҳо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии
сиёсати бобарору муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ислоҳот дар низоми
давлатӣ Палатаи ҳисоб имрӯз ҳамчун сохтори салоҳиятдор татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ
вазифаву уҳдадориҳои худро иҷро намудаистодааст.