16 - декабри соли 2024 дар
толори мақоми олии аудити давлатӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар
– машварати методии дохилиидоравӣ ташкил ва баргузор гардид.
Семинари мазкур дар асоси нақшаи
чорабиниҳои Палатаи ҳисоб ва татбиқи барномаи давлатии “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили
фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)”
пешбинӣ гардида, дар кори он аъзоёни гурӯҳи корӣ ва кормандони воҳидҳои
сохтории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳи муовини
раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ф.З., ки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия дар Палатаи ҳисоб мебошад, баромад намуда қайд карданд, ки бо мақсади
таъмини таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ),
муайян намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд
ба он замина гузоранд, инчунин, таҳияи тавсияҳо ҷиҳати аз байн бурдани натиҷаҳои
таъсири онҳо, бо фармоиши дахлдори раиси Палатаи ҳисоб гурўҳи корӣ оид ба баҳодиҳии
хавфҳои коррупсионӣ таъсис дода шудааст.
Зикр дошта шуд, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ дар асоси қонунҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи
муқовимат ба коррупсия” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи
гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” аз 28 октябри соли 2016 №465 ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина оид ба иҷрои қарори зикршуда ва нақшаи
чорабиниҳои дохилиидоравӣ ибрози назар намуда, қайд карданд, ки иҷрои чорабиниҳои
мазкур дар Палатаи ҳисоб сари вақт
таъмин карда мешавад.
Ҳамчунин, муовини раис – роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба натиҷаи давраҳои таҳлили
фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки дар ҷаласаҳои гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ мавриди баррасӣ
қарор дода мешаванд, изҳори назар намуда, қайд карданд, ки дар ин хусус ҳисобот
тартиб ва дар охири сол ба мақоми ваколатдор - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо
коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол карда мешавад.
Инчунин, Аҳмадзода Ф.З., дар доираи иҷрои татбиқи Методологияи мазкур
нисбат ба роњҳои мушоњида, омўзиш, тањлил, арзёбӣ, пешгирӣ, баҳодиҳӣ,
таҳияи тавсияҳо, қоидаҳои рафтор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи
хавфҳои коррупсия дар Палатаи ҳисоб андешаронӣ намуданд.
Сипас, дар рафти семинар - машварати методӣ намояндаи Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарнозири
раёсати муқовимат ба коррупсия, подполковники адлия Розиқзода А.А. ба сухан
баромада, оид ба мазмун ва муҳтавои татбиқи барномаи давлатии “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили
фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)”
маърӯза намуданд.
Мавсуф зикр доштанд, ки Методологияи
тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) асосҳои
ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо,
кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла,
иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии
Тоҷикистон фаъолият мекунанд, муқаррар менамояд.
Ҳамазмон, Розиқзода
А.А., нисбати усулҳои ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, сохторҳои ташкилӣ,
иттилоот дар бораи қоидаҳои ахлоқ, усулҳои ҳаммонандкунӣ ва тадқиқоти омилҳои хавф
дастур ва машварат дода, моҳияти мафҳумҳои хавф, омилҳои хавф, ошкор намудани хавф,
таҳлили хавф, осебпазирӣ, намудҳои осебпазирии фаъолият ва таҳрезии нақшаҳои
мукаммалро ба аъзоёни гурӯҳи корӣ ва дигар иштирокдорон шарҳ доданд.
Инчунин,
сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб Шарифзода Ш.М.– ҳамчун котиби масъули гурӯҳи
корӣ низ ба сухан баромада, оид ба натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ ва татбиқи
барномаи давлатии мазкур дар Палатаи ҳисоб маълумот дод.
Мавсуф зикр дошт, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои
тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои кории Палатаи ҳисоб дар асоси принсипҳои қонуният, холисӣ ва беғаразӣ,
шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар раванди таҳлили (хавфҳои коррупсионӣ) ба истиснои маҳдудиятҳои
пешбининамудаи қонунгузорӣ, риояи манфиатҳои
ҷамъиятӣ (оммавӣ) ва ҳисободиҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар интиҳои семинар - машварати методӣ аз ҷониби иштирокдорон саволу ҷавобҳо
пешниҳод гардида, муколамаи афкор сурат гирифт.
Бахши иттилоот ва кор бо васоити ахбори оммаи
раёсати таҳлил, рушд, стандарт ва ҳамкориҳои байналмилалиӣ