30 сентябри соли равон дар Палатаи
ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб таҳти
роҳбарии раис муҳтарам Каримзода Ҷамшед баргузор гардид, ки дар кори он 9
масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла хулоса оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявии гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Обътаминкунӣ ва санитарияи дар шаҳри Душанбе”- и Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар давраи аз моҳи ноябри соли 2024 то моҳи сентябри соли 2025, инчунин баррасии хулоса оид ба натиҷаи чорабинии аудиторӣ дар маркази Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи октябри соли 2024 то моҳи сентябри соли 2025, баррасии хулоса оид ба натиҷаи чорабинии аудиторӣ дар Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”- и ҶСК “Барқи тоҷик”, баррасии хулоса оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявӣ вобаста ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар давраи аз моҳи майи соли 2023 то августи соли 2025, ҳамчунин оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявӣ вобаста ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар давраи солҳои 2023-2024 ва ҳашт моҳи соли 2025, инчунин баррасии хулоса оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва сохторҳои тобеи он инчунин, МД “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” ва сохторҳои тобеи он дар давраи аз моҳи июли соли 2023 то моҳи августи соли 2025, баррасии хулоса оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявӣ дар як қисм аз зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи аз моҳи августи соли 2023 то моҳи августи соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин хулоса оид ба натиҷаи аудити
мутобиқат ва молиявии як қисм аз зерсохторҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2023-2024
ва нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, маърузаи
сараудиторон ва сардори Раёсат шунида шуда, аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб
муҳтарам Каримзода Ҷамшед ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва
беҳтар кардани фаъолияти аудити молиявӣ, қарор дар бораи ирсол ва пайгирӣ
намудани тавсияҳо вобаста ба истифодабарии шафофияти маблағҳои буҷети давлатӣ
дар тамоми вазорату идораҳои кишвар, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон