logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон


Санаи таваллуд: 25 майи соли 1970, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Миллат: тоҷик.

Маълумот:

Соли 1994 Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси муҳандис хатм кардааст.

Соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

1986-1988 – Коргар дар хоҷагии давлатии «50-солагии Тоҷикистон», ноҳияи Темурмалик.

1988-1990 – Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ.

1990-1994 – Донишҷӯи Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент.

1994-1995 – Мутахассиси шӯъбаи молияи Кумитаи иҷроияи маҳаллии ноҳияи Темурмалик.

1995-1996 – Мутахассиси дараҷаи 1-уми Раёсати назоратӣ-тафтишотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1997-1998 – Назоратчӣ-тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1999-2000 – Назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назорати тафтишотии идораи молияи шаҳри Хуҷанд.

2000-2001 – Назоратчӣ-тафтишотчии калони Раёсати молияи вилояти Суғд.

2001-2006 – Мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

2006-2007 – Сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

2007-2008 – Сардори шуъбаи Раёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъолияти роҳбарӣ:

2008-2009 – Муовини директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик».

2009-2015 – Муовини сардори Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Март – май 2015 – Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2015-2024 – Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2024-2025 – Муовини раиси вилояти Хатлон.

23 январи 2025 – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди таъини Каримзода Ҷамшед Абдураҳмонро ба вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

29 январи 2025 – Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мукофотҳо ва унвонҳо:

Аълочии молия – 2014.

Ордени шараф (дараҷаи 2) – Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021, №213.

Мушовири давлатӣ (дараҷаи 1) – Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021, №232.

Забонҳо:

Тоҷикӣ (забони модарӣ).

Русӣ.

Англисӣ.


14.10.24


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон
  • Истифодаи маълумотхои сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии
  • Точикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон -